Директори донишкада бо донишҷӯёни фаъолу эҷодкор ва навовари гуруҳҳои академиӣ мулоқот анҷом дод.
Мавзуъи меҳварии мулоқот ҷоннок намудани иштироки фаъоли донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” буд.
Директори донишкада бо ёдоварӣ аз дастгирии Давлату Ҳукумат дар самти пайдо кардани чеҳраҳои нав ва соҳибистеъдодҳо баҳри осон кардани роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷумла афзуд, ки имрӯзҳо ҳеҷ халқу миллатро бе соҳаи техникаву технология тасаввур карда намешавад. Зеро асри 21 худ асри техникаву технология аст. Бахшида ба рушди ин соҳаҳо озмуни ҷумҳуриявӣ “Илм - фурӯғи маърифат” ташкил карда шуд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав баргузор мегардад.
Баргузории озмун дар солҳои 2021-2025 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, ин ба дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландпояи муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст. Илмҳои дақиқ илмҳое мебошанд, ки дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон нақши муҳим бозида, хеле зарурӣ мебошанд ва бо омӯзиши ин фанҳо мо метавонем, ҷодаҳои манфиатоварро бештар кашф намуда, фардои саодатбори миллати азизамонро таъмин намоем.
Директори донишкада дар мулоқоти озоду ошкоро бо донишҷӯён доир ба иштирок дар навиштани лоиҳаҳои грантӣ мубодилаи афкор намуд.
Дар ҷараёни мулоқот, Фарҳод Маҳмудӣ, муовини директор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ва чанде аз ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баромад намуда, фикру андешаҳои хешро ҷиҳати комёб шудан дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баён доштанд.
Шуъбати иттилоот ва кор бо ВАО