Бо ҷалби устодон ва донишҷӯёни донишкада дар назди меҳмонхонаи "Эҳсон"-и шаҳри Хуҷанд тренкур (роҳгардӣ) ва машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Чорабинии варзишӣ бо амри дил дар фазои тантанавӣ ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуд. Машқи пагоҳирӯзӣ бо роҳбарии мураббиёни ботаҷриба сурат гирифт ва ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, бедор сохтани ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш мебошад.
Иштирокчиён дар охир изҳор доштанд, ки минбаъд низ пайрави содиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат хоҳанд монд ва барои ободиву пешрафти Ватан саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО