Дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар донишкада баргузор гардид.
Довталабони озмун аз ашъори безаволи “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ достонҳо қироат намуданд.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи он арҷгузорӣ ба мероси безаволи адабии миллат ва омӯзиши амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад.
Зикр гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ барои гиромидошти мероси бузурги адабӣ ва таърихии халқи тоҷик – «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо таваҷҷуҳ ба асари классикии адабиёти халқи тоҷик, балки қадами устувор дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар дарозои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.
Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ буда, он дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ саҳми бориз дорад.
Беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО